03.08.с.2015 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд А.А., соли таваллудаш 1962, миллаташ узбек, бекор, истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров, дастгир карда шуд. Номбурда 20.07.с.2015 тахминан соати 23.00дақиқа  дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ келинаш Б.Б.,соли таваллудаш 1992-ро бо истифодаи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз кардааст.

Оид ба ҳолати мазкур аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров нисбати А.А. бо моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Хабарҳо