Мадаминов Зафарҷон Абдуллоҷонович, 01 январи 1980 соли таваллудаш, сокини шаҳри Гулистон, маҳаллаи Д.Ҳалқҳо, бином 25, ҳуҷраи 31 пагоҳирузии санаи 24.10.2018 сол дар шаҳри Бӯстон як адад машруботи спиртии "Ягуар" бо дору-таблеткаҳои "Баралгин" истеъмол намуда, дар ҳолати сархушӣ амалҳои ҳамзисташ Абибуллоева Венера Искандеровна оиди бо марди бегона ба у хиёнат карданаш ба хотир оварда, дар ботинаш қасди аз ҳаёт маҳрум кардани он пайдо мекунад.
Ҳамон рӯз тахминан соатҳои 16-00 дақиқа ӯ ҳамзисташ Абибуллоева В.И.-ро дар майдончаи назди маҷмаъаи хотираи абадии иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣдар ҳолати мастӣ бо дигар майзадагони бе хона дарёфт намуд. Ӯ аз ҳамзисташ Абибуллоева В.И. ҳолати бо шаҳрванд Ҳомидов Рашид Маҳмудович ҳамхоба шуданро пурсон шудааст, ки охирон ҷой доштани ин ҳолатро тасдиқ намудааст.
Сипас ӯ, аз ҳиссиёти рашк ва қаҳру ғазаб ҳамзисташ Абибуллоева В.И.-ро бо мушти дастонаш ду маротиба ба рӯй ва якчанд маротибаи дигар ба қабурғаҳо ва шикамаш задааст, ки номбурда дар бетони он ҷо буда, бархӯрда ба замин афтидааст. Ба хотири ба охир расонидани мақсади кардааш, тахминан соатҳои 16:40 дақиқа ӯ ҳамзисташ Абибуллоева В.И.-ро гирифта, ба гардиши "Ором" ва сипас ба заминҳои маҳаллаи навбунёди Гулистони ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров бурда, дар поёни гӯристони он ҷо бурда, боз муноқиша намуда, аз ғазаби зиёд бо мақсади ба қатл расонидани ҳамзисташ Абибуллоева В.И. бо дасти чапаш аз пушти гардан ва бо дасти росташ аз миёнбанди шими ҷинсаш дошта, номбурдаро бо қадаш баланд бардошта, бо сараш 3 маротиба ба замин мезанад, ки аз зарби ҷароҳатҳои бардошта охирон дар ҳолати камҳаракатй имконияти хеста роҳ рафтан надошта, пуштнокӣба замин дароз мекашад.
Мадаминов З.А. бо панҷаи ду дастон гулӯи Абибуллоева В.И.-ро маҳкам дошта, зер карда, бо роҳи буғикардани роҳҳои нафас номбурдаро ба қатл мерасонад.
25.10.2018 сол прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров нисбати Мадаминов Зафарҷон Абдуллоҷонович бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтиши пешакй парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасй намудан ба суди ноҳияи Б.Ғафуров ирсол карда шудааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Б.Бафуров аз 10.01.2019 сол Мадаминов З.А. барои содир кардани ҷинояти дар моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол бо адо намудан он дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ