Каримов Тоиржон Ғаниевич 5 феврали соли равон тахминан соати 13 дар манзили истиқоматиашон воқеъ дар деҳаи Диловарони деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш Каримова Мавҷуда Ибрагимовна ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагидорӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон ду маротиба зарба зада, аз ҳисоби ҷароҳатҳои бардоштааш Каримова М.И. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Прокурори шаҳри Конибодом нисбати Каримов Т.Ғ. бо аломати моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкӯшӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонидааст. Бо ҳукми суди шаҳри Конибодом Каримов T.F. дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор дониста, ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ