Раупов Юнусҷон Юсуфович дар вазифаи сардухтури хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан фаъолият карда, моҳи июни соли 2018 бо шаҳрванд Файзибоева Нилуфар Файзуллоевна вохӯрда, зимни суҳбат маълумот пайдо намудааст, ки номбурда барои гирифтани кӯдак аз хонаи кӯдакон дар навбат мебошад.

 

  Сипаc, Раупов Ю.Ю. бо истифода аз вазифаи хизматиаш ва сӯиистифода боварӣ, бо хабар аз он ки фарзандхондӣ тибқи хулосаи комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар асоси ҳалномаи судӣ ба амал бароварда мешавад, бо баҳонаи мусоидат дар гирифтани кӯдаки ҷинсаш зан аз Файзибоева Н.Ф. бо роҳи фиреб маблағи 3000 сомонӣ талаб карда мегирад. Раупов Ю.Ю. такроран Файзибоева Н.Ф.-ро ба утоқи кориаш даъват намуда, ҷиҳати мусоидат кардан дар гирифтани кӯдаки ҷинсаш мард бар ивази 10000 сомонӣ пешниҳод намуда, талаб менамояд, ки пешакӣ маблағи 6000 сомониашро пардохт намуда, баъди баровардани ҳалномаи суд боқимонда маблагро пардохт намояд. Файзибоева Н.Ф. худи ҳамон рӯз 1000 сомониашро ба Раупов Ю.Ю. дода, оиди минбаъд дастрас кардани маблағи боқимонда ваъда медиҳад. Раупов Ю.Ю. ҳангоми гирифтани маблаги 5000 сомонӣ дастгир шуда,, маблағҳои пули ёфта гирифта шуд. Прокурори шаҳри Истаравшан нисбати Раупов Ю.Ю. бо аломатҳои моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,в,г,» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

   Бо ҳукми суди шаҳри Истаравшан Раупов Ю.Ю. гунаҳгор дониста шуда, бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 18250 сомонӣба фоидаи давлат таъин карда шудааст

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо