Халилов Наим Каримович, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, 18 феврали соли 2019 ҳангоми дар маҳаллаи Теми шахри Хоруғ қарор доштанаш бо сокини ин маҳалла Бахтоваршоев Алишер Саидмансурович дар хусуси ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани воситаҳои нашъадори навъи "ҳашиш” маслиҳати пешакӣ карда, 20 феврали соли 2019 бар ивази 400 долдари ИМА ба Бахтоваршоев А.С. ба микдори 2 кг воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” дастрас намуд.

 Бахтоваршоев А.С. баъди ба даст овардани воситаи нашъаовар охирҳои моҳи феврали соли 2019 дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ тавассути телефони мобилӣ бо хешовандаш Танибеков Ҷамшед Куканбекович маслиҳати пешакй карда, воситаҳои нашъадори навъи "ҳашиш”-и дар нигоҳдошташ қарор доштаро бо воситаи шаҳрванд     Дустмуродов Азам Давлатович ба шаҳри Душанбе интиқол диҳанд.

27 феврали соли 2019 Бахтоваршоев А,С. аз рӯи маслиҳат 2 кг воситаҳои нашъадорро дар назди бозори 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Хоруғ ба Алиев Азаматулло       Акбарович дод, ки охирон бояд онро ба шахри Душанбе интиқол диҳад.

  09 марта соли 2019 Алиев А,А. воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш”- ро бо худ гирифта, ба автомобили тамғаи Дулон рақами кайди давлатиаш 57-15 ОД 01 савор шуда, ба шаҳри Душанбе ҳаракат намуд. Номбурда худи ҳамон рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Дарвоз дастгир карда шуд.

 Нисбати Халилов Н.К. бо моддаҳои 200 кисми 3 бандҳои “а,в,г” ва 289 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати Танибеков Ҷ.К., Дустмуродов А.Д., Бахтоваршоев А.С. ва Алиев А.А. бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакй, 03 апрели соли 2019 парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасй намудан ба суд ирсол карда шуд.

  Бо ҳукми суди вилояти мухтори куҳистони Бадахшон нисбати судшаванда Халилов Наим Каримович ба муҳлати 13 сол аз озоди маҳруми дар колонияи ислоҳии дорой низомаш сахт, нисбати Танибеков Ҷамшед Куканбекович ва Дустмуродов Азам Давлатович ба муҳлати 9 соли ва нисбати Бахтоваршоев Алишер Саидмансурович, Алиев     Азаматулло Акбарович ба муҳлати 8 солу 6 моҳ аз озоди маҳруми дар колонияи ислоҳии дорой низомашон пурзӯр адои ҷазо таъин карда шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо