22 августи соли 2016 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Изотмандов Азимҷон Алимҷоновичро, ки тафтиши он аз ҷониби прокуратураи шаҳри Турсунзода анҷом дода шудааст, баррасӣ намуд.

         Изотмандов А.А. барои он айбдор карда шудааст, ки бо роҳи фиреб ба боварии хоҳари ҳамсараш 

 Мелиқузиева Ф. Т., даромада, бо ваъдаи ҷудо карда додани 0,03 га қитъаи замин 15300 сомонӣ маблағҳои номбурдаро тасарруф намуда, бо мақсади барнагардонидани ин маблағ қасди куштор ва бо роҳи ҳуҷум тасарруф намудани амволи шахсии номбурдаро кардааст.

  Бо ин мақсад Изотмандов А.А. 25 апрели соли 2016 дар манзили истиқоматии Мелиқузиева С.Т., воқеъ дар суроғаи шаҳри Турсунзода бо корд ба номбурда ҳамла намуда, бо расонидани зарбаҳои сершуморба ў  ҷароҳатҳоивазнини ҷисмонӣрасонидааст. Номбурда Мелиқузиеваи аз ҳуш рафтаро фавтида пиндошта, молу мулки шахсии ўро  ба маблағи 5 245 сомонӣтасарруф намуда, азҷойиҳодисағайбзадааст.

Дарнатиҷаиин амалҳоиғайриқонунииИзотмандовА.А. баҷабрдида МеликузиеваС.Т. зараривазнинбасаломатӣва зарари махсусан калони моддӣ расонидашудааст.

 Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Изотмандов А.А.бомоддаҳои32 қисми3-104 қисми2 бандҳои«и», «л»,  247 қисми4 банди«б»ва249 қисми4 банди«б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту се  сол,  бо адо кардани ҷазо дар коллонияҳои ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шуд.

 

 Маркази матбуоти

 Прокуратураи генералӣ             

 

 

Хабарҳо