Дар суди ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Музафаров Диловар Нарзуллоевич бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ гардид.

Музафаров Д.Н. аз соли 2007 мунтазам ба Федератсияи Россия рафтуомад дошта, бори охир моҳи декабри соли 2014 ба ш. Новосибирск рафта, дар онҷо бо шаҳрвандони Тоҷикистон Абдураҳмонов С.Г. ва Ҷаъфаров А. А. шиносоӣ пайдо кардааст.

 Номбурдагон Музаффаров Д.Н.-ро  ба шомил шудан ба ташкилоти экстремистӣ- террористии ба ном “Давлати Исломӣ” ташвиқ намуда,  бо даъвати онҳо Музаффаров Д.Н мақсади ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуданро  намудааст.

Музафаров Д.Н. бо мақсади амалӣ намудани нияти ҷинояткоронаи  худ 4 майи соли 2016 бо ҳавопаймо тавассути хатсайри “Москва-Истамбул” ба давлати Туркия нияти парвоз намуданро карда, худи ҳамон рўз дар фурудгоҳи “Внуковои” ш. Москва аз ҷониби мақомотҳои  ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи И. Сомонӣ аз 28 июли соли 2016  Музафаров Д.Н. бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

 Маркази матбуоти

 Прокуратураи генералӣ             

 

 

Хабарҳо