Шаҳрванд Хушдилов Алишер Хоҷаназарович зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи ВМКБ дар бозори назди сарҳади давлатии маҳаллаи Тем бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ахтар ном шахе шиносои пайдо намуда, баъдан бо маслиҳати пешакй ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ 13 кг 200 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашиш харидорй намуда, маводи мазкурро дар дохили садониши автомашинаи шахсиаш... 

тамғаи БМВ рақами давлатиаш 7606 В А 01 минбаъд барои интиқол пинҳон мекунад. Хушдилов А.Х. дар дидбонгоҳи «Бартанг»-и ноҳияи Рушон аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Рӯшон дастгир карда, аз дохили автомашинааш маводи нашъадор ёфта гирифта шуд.

  Парвандаи ҷиноятӣ баъди ба итмом расонидан ба суди ноҳияи Рӯшон фиристонида шуда, бо ҳукми суди ноҳияи Рӯшон Хушдилов А.Х. дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳгор дониста, ӯ ба ҷазои маҳруми аз озодй ба муҳлати 13 сол бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии низомаш сахт маҳкум гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо