08 октябри соли 2003 Храмов Вячеслав Николаевич, сокини шаҳри Ҳисор тахминан соати 19:30 дақиқа ба автомошинаи мусофиркашонии тамғаи ВАЗ 2107 рақами қайди давлатиаш К 6560 РТ 01 таҳти идоракунии шаҳрванд Сафаров Ҷавҳархоҷа Довудович савор шуда, ба суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсй кӯчаи Деҳотӣ, назди бинои 21/2 рафтааст. Ҳангоми расидан ба суротаи мазкур ронанда Сафаров Ҷ.Д. бо дархости Храмов В.Н. автомошинаро дар назди бино қарор дода, ҳақи роҳкироро пурсон шудааст. 

   Аз ин ҳолат Храмов В.Н. ба тазаб омада, дар ниҳодаш қасди одамкушӣ, яъне аз ҳаёт маҳрум сохтани ронанда омада, бо мақсади раҳо ёфтан аз пардохти маблағи ҳақи роҳкиро бо нияти таразнок бо корди бо худ доштааш аз қисмати чапи қафаси синаи Сафаров Ҷ.Д. зарба зада, боз маротибаи дуюм мақсади бо корди мазкур зарба заданро дошт, ки аз ҳолати аз ӯ вобаста набуда, охирон кордро аз дасташ гирифта, аз автомошина мефарояд.

  Храмов В.Н. боз ба ин нигоҳ накарда, бо мақсади анҷом додани ҷиноятӣ, одамкушӣ яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ронандаи номбурда бо нияти таразнок аз автомошина фаромада, бо корди дигари дар дасташ дошта, бо мақсади раҳо шудан аз пардохти ҳақи роҳкиро ба тарафи ӯ ҳуҷум мекунад, ки дар ҳамин вақт дар гирду атроф одамони бегонаро дида, аз ҳолати аз ӯ вобаста набуда, ҷиноятӣ одамкуширо ба анҷом нарасонида аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

.Нисбати Храмов Вячеслав Николаевич бо моддаҳои 32 қисми 3- 104 қисми 2 банди “и” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ отоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркуни барои моҳиятан баррасй намудан ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Храмов Вячеслав Николаевич бо моддаи 32 қисми 3-104 қисми 2 банди “и” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ба муҳлати 15 сол маҳрум сохтан аз озодй дар дар колонияи ислоҳии дорой низомаш сахт адои ҷазо таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо