Додихудоев Гулзорхон Раматович зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ, пеш дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 200 қисми 4 банди»д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) суд шуда, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар бозори назди сарҳади давлатӣ воқеъ дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадвалӣ ном шахс шиносои пайдо намуда, бо маслиҳати пешакӣ бар ивази ду литр машруботи спиртӣ 1 килограмму 50 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашишро гирифта, маводи мазкурро дар бадани худ барои минбаъд ба шаҳри Душанбе интиқол додан пинҳон мекунад.
Додихудоев Г.Р. дар дидбонгоҳи муваққатии ШБДА дар деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Дарвоз дастгир карда, маводи нашъадор ёфта гирифта шуд.
Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати Додихудоев Г.Р. бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «а,в,г,д» ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва контрабанда) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.
Бо ҳукми суди ВМКБ Додихудоев Г.Р. гунаҳгор дониста, ба ҷазои маҳруми аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии низомаш сахт маҳкум гардид.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ