Халилов Наим Каримович, Бахтоваршоев Алишер Саидмансурович, Танибеков Ҷамшед Куканбекович, Дустмуродов Азам Давлатович ва Алиев Азаматулло Акбарович сокинони шаҳри Хоруғ, 18 феврали соли 2019 ҳангоми дар шаҳри Хоруғ қарор доштанашон барои харид намудани 2 кг маводи нашъавори навъи “ҳашиш” ва минбаъд ба шаҳри Душанбе интиқол доданашон, маслиҳати пешакӣ намудаанд. 20 феврали соли 2019 Халилов Н.К. баъди ба даст овардани воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” ба микдори 2 кг онро аз рӯи маслиҳати пешакӣ ба соҳибияти Бахтоваршоев А.С. дод.
27 феврали соли 2019 Бахтоваршоев А.С. бо пешниҳоди хешовандаш Танибеков Ҷамшед Куканбекович ва Дустмуродов Азам Давлатович 2 кг воситаҳои нашъадорро дар назди бозори 20-солагии Истикдолияти шаҳри Хоруғ ба Алиев Азаматулло Акбарович дода, охирон бояд онро ба шаҳри Душанбе интиқол медод. 09 марта соли 2019 Алиев А.А. воситаҳои нашъадори навъи “ҲАШИШ”-ро бо худ гирифта, ба автомобили тамғаи дулон рақами қайди давлатиаш 57-15 ОД 01 савор шуда, ба шаҳри Душанбе ҳаракат намуд. Номбурда худи ҳамон рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯй аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Дарвоз дастгир карда шуд.
Нисбати Халилов Н.К. бо моддаҳои 200 қисми 3 бандҳои “а,в,г” ва 289 қисми 3 КҶ ҶТ ва нисбати Танибеков Ҷ.К., Дустмуродов А.Д. Бахтоваршоев А.С. ва Алиев А.А бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расонидани тафтиши пешакй бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намуда ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон Халилов Наим Каримович ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум сохтан дар колонияи ислоҳии дорой низоми сахт, Танибеков Ҷамшед Куканбекович, Дустмуродов Азам Давлатович ба муҳлати 9 сол маҳрум сохтан аз озодй ва Бахтоваршоев Алишер Саидмансурович, Алиев Азаматулло Акбарович бо маҳрум сохтан аз озодй ба муҳлати 8 солу 6 моҳ дар колонияи ислоҳии дорой ноизомашон пурзӯр адои ҷазо таъин карда шуданд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ