ХАБАРИ МАТБУОТӢ оиди сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар (17 - 18 феврали соли 2024)
17 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Давлати Қатар баргузор гардид.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
16 феврали соли 2024 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф барои воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2023 баромад намуд.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
Санаи 02 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб доир гардида, дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллӣ муҳокима гардиданд.
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Хабарҳо
ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОГОҲ МЕНАМОЯД !
Шаҳрвандони муҳтарам!
Бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар “Телеграм” паёмаки “Вам отправили подарок-подписка Телеграм Премиум сроком на 1 год! Активировать подарок через ссылку” бо истифода аз номи наздикон ба шаҳрвандон ирсол шуда истодааст.
Дар натиҷаи таҳлил ва коркарди техникӣ муайян гардид, ки паёмаки мазкур ва пайванди (ссылка) ирсолшуда дорои вируси зараровар буда, ҳамлаи хакерӣ дар намуди “Фишинг” мебошад.
Дар ҳолати кушодани паёмак ва ворид шудан ба пайванди ирсолшуда, хакерҳо метавонанд аккаунти “Телеграм”-и истифодабарандагонро ғайриқонунӣ аз худ намуда, ба мақсадҳои ғаразнок истифода баранд.
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
15 ноябри соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии кормандони мақомот бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод суханронӣ намуда, қайд кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, яке аз муҳимтарин рӯйдод дар таърихи сиёсии кишвар маҳсуб меёбад.
Дар ин иҷлосияи таърихӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари давлат интихоб шуда, ба рисолати таърихии худ оғоз намуданд.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
4 ноябри соли 2024 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувейт дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳилаи Кувайтии раванди Душанбе” иштирок намуданд.
Конфронси сатҳи баланд бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ ифтитоҳ гардида, дар доираи ҷаласаи сатҳи вазирон маърӯзаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А. Раҳмон дар мавзӯи “Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм” шунида шуд.
Мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1 ноябри соли 2024 дар бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ю.А. Раҳмон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дарҶумҳурии Тоҷикистон Григорьев Семён Вячеславович баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ муҳокима гардиданд.
Инчунин, дар рафти мулоқот оид ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо изҳори назар карда шуд.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
4 октябри соли 2024 дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Арманистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҷаласаи 34-уми Прокуророни генералии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, дар мавзӯи: «Нақш ва таҷрибаи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии ифротгароӣ, терроризм ва киберҷиноятҳо» баромад намуд.
Дар чорабинии мазкур, инчунин роҳбарияти прокуратураҳои генералии кишварҳои узви ИДМ – Ҷумҳурии Арманистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла Котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозии Прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ иштирок ва баромад намуданд.
22 сентябри соли 2023 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Брюссел қарор доранд, бо Прокурори генералии Подшоҳии Белгия ҷаноби Фредерик Ван Лёв, Директори генералии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Подшоҳии Белгия ҷаноби Фредди Рузмонт ва роҳбари Гуруҳи ҳамоҳангсози Подшоҳии Белгия оид ба таҳлили хатарҳо (CUTA) ҷаноби Герт Веркутерен мулоқотҳо анҷом доданд.
Дар рафти мулоқотҳо доираи васеи ҳамкориҳои ҳуқуқии байни ду давлат, рафти баррасии лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, муқовимати муштарак ба терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
Бо Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Подшоҳии Белгия аз ҷумла соддагардонии будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Подшоҳии Белгия, қабул кардани шаҳрвандони дар ҳудуди якдигар ғайриқонунӣ қарордошта, сода кардани реҷаи раводид барои шахсони дорои мақоми махсус баррасӣ карда шуданд.
Бо Гуруҳи ҳамоҳангсози Подшоҳии Белгия оид ба таҳлили хатарҳо (CUTA), ки дорои ваколатҳои шабеҳ ба Маркази ягонаи итилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба мувофиқа расида шуд, ки ду Марказ байни худ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар ин ҷода ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Фотогузоришҳо