Хабарҳо
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
- Подробности
- Просмотров: 147
10 январи соли 2024 дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф баргузор гардид.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини волояти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соли 2024 ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда баромад намуд.
Дар маҷлис дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, хизмати софдилона ба миллату давлат, пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар фаъолияти кормандон, назорати истифодаи самараноку оқилонаи замин ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт, пешгирии ҷинояткорӣ ва сари вақт кушодани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, бахусус кушторҳо, баланд бардоштани самаранокии назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон ба самъи кормандон расонида шуда, дастур дода шуд, ки иҷроиши онҳо таъмин карда шаванд.
Ахбороти сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, ҳисоботҳои прокурорҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, нақлиёти Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳо шунида шуда, мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуданд.