Хабарҳо

16.05.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ аз натиҷаи ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ)

16 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев Камран Байрам оғли, Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Муваҳидии Озод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Асилов Берик Ногаевич, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Султонов Улукбек Ташболотович, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон Рашиддин Наваз Касурӣ, Прокурори генералии Суди олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин, муовини Прокурори генералии Туркманистон Ниязлиев Алланазар Атаевич, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдошев Нигматилла Тулкинович ва Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ иштирок намуданд.

15.05.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ оид ба сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 майи соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелатсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин доир гардида, дар рафти он масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, инчунин интиқол ва истирдоди маҳбусон ва дастгир намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доранд, муҳокима гардиданд.

  Ятимов Мадад Искандарович, Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич ва Абдурахмонов Сайидмурод Саидраҳмонович бо маслиҳати пешакӣ ва дар ҳайати гурӯҳи муташаккил 20 сентябри соли 1998, тахминан соати 02-00 дақиқа ба дохили ҳавлии сокини ноҳияи Рашт, Ҷамоати деҳоти Қалъанак, дехаи Ялдамич Махмадов Акбар даромада, бо истифодаи силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” бо бераҳмии махсус, бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок ба узвҳои ҳаётан мухими бадани номбурда тахминан 4-5 маротиба тир парронда, охиронро ба қатл расонидаанд.

  Нисбати Ятимов М.И. бо моддаҳои 186 кисмхои 1 ва 2, 250 кисми 4 бандҳои “б, в” ва 104 қисми 2 бандҳои “б, е, ж, з, и, л” Қаҳҳоров И.Г. ва Абдураҳмонов С.С. бо моддаҳои 186 қисми 2 ва 104 қисми 2 бандҳои “б, е, ж, з, и, л” кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда баъди ба итмом расидани тафтиши пешаки бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2018 Ятимов М.И., Қаҳҳоров И.Г. ва Абдураҳмонов С.С. бо моддаҳои зикршуда гунахгор дониста шуда, ба Ятимов М.И. ба мӯҳлати 22 сол аз озоди махруми, ба Қаҳҳоров И.Г. ва Абдурахмонов С.С. ба мӯҳлати 20 соли аз озоди махруми бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорой низоми сахт ҷазо таъйин карда шуд.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона