Хабарҳо

15.11.2024

Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

     15 ноябри соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии кормандони мақомот бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

       Дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод суханронӣ намуда, қайд кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, яке аз муҳимтарин рӯйдод дар таърихи сиёсии кишвар  маҳсуб меёбад.

        Дар ин иҷлосияи таърихӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари давлат интихоб шуда, ба рисолати таърихии худ оғоз намуданд.       

04.11.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ

4 ноябри соли 2024 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувейт дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳилаи Кувайтии раванди Душанбе” иштирок намуданд.

Конфронси сатҳи баланд бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ ифтитоҳ гардида, дар доираи ҷаласаи сатҳи вазирон маърӯзаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А. Раҳмон дар мавзӯи “Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм” шунида шуд.

"Дар шабакаи Интернет навори латукӯби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёра Дусаева дар қаҳвахонаи «Хинкалная Тбилисо», воқеъ дар хиёбони Астрахови шаҳри Маскав, ки бар асари захмҳои корд ташаббускори низоъ ба ҳалокат расидааст, паҳн гардидааст.

Вобаста ба ин, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия аз 21 декабри соли 2009 ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини назорати тафтиши холисона ва ҳаматарафаи қазияи мазкур дархост ирсол карда шуд. Тафтишот идома дорад."

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона