Хабарҳо
ХАБАРИ МАТБУОТӢ

- Подробности
- Просмотров: 205
14 феврали соли 2025 дар Прокуратураи генералӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло аз натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2024 ба хабарнигорон иттило дод.
Қайд карда шуд, ки дар давоми соли 2024 аз ҷониби мақомоти прокуратура 6973 санҷиш гузаронида, 4172 парвандаҳои ҷиноятӣ (аз ин, 1302 коррупсионӣ) оғоз намуда, 62945 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 261022 нафар барқарор карда шуданд. 1 млрд 327 млн сомонӣ маблағи зарар (аз ин, 1 млрд 211 млн сомонӣ ба манфиати давлат) рӯёнида шуд.
Ба мақомот 44043 муроҷиат ворид гардида, 3379-тои онҳо қонеъ карда шуданд.
Дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 1101 (181-то нисбати мансабдорон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз,4315 амру пешниҳод, 2185 эътироз оварда шуда, 154,5 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. 7190 нафар ба ҷавобгариҳо кашида шудаанд.
Дар самти риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ 137 санҷишҳо гузаронида шуда, бо натиҷаи он 623 санадҳои эътинои прокурорӣ оварда шуда, 274 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 24 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Барои вайрон кардани танзими ҷашну маросим 1692 нафар ва таълиму тарбияи кӯдак 4746 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 237 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ ошкор ва чораандешӣ карда шуд.
Прокуророн назоратро бо 24307 парвандаҳои ҷиноятии дар пешбурди ниҳодҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ қарордошта таъмин намуда, аз ин 12004 парвандаро барои баррасӣ ба суд ирсол намуда, дар рафти тафтиши пешакӣ 1 млрд 708 млн сомонӣ зарарро ошкор ва аз он 439,6 млн сомонӣ, азҷумла 227,6 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст.
Дар самти назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон 6241 (5798) санадҳои эътинои прокурорӣ оварда шуда, 9481 (9091) нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шуда, 688 (616) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар натиҷаи онҳо 43,5 (42,7) млн сомонӣ зарар барқарор карда шуд.
Дар ҷумҳурӣ 1494 (1228) ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли 2023 226 адад ё 17,8 фоиз зиёд гардидааст.
Дар нишасти матбуотӣ теъдоди зиёди рӯзноманигорон ширкат карда, ба саволҳои худ посухҳои ҳамаҷониба гирифтанд.
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги
қонунгузорӣ ва маркази матбуоти
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон