Хабарҳо

Ҳаракатҳои бадахлоқона бо суистифода аз боварии динӣ.

 Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор моҳҳои сентябр - октябри соли 2019 дар маҳалли зисташ худро муллой ҷинбарор эълон намуда, ба ном табобати шахрвандонро бе доштани маълумоти расмии динӣ дар намуди маҳсгароӣ, дуохонӣ, аз бадан баровардани ҷин, сеҳру ҷоду ва бахткушой ба роҳ монда, бо суиистифода аз боварӣ барои табобат маблағҳои пулӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонидааст.

 Аз чумла, аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, ба охирин ваъда медиҳад, ки аз баданаш ҷин ва сеҳру ҷодуро мебарорад ва номбурда шифо меёбад ва арзиши табобатро 3000 (се ҳазор) сомонӣ муқаррар мекунад. Шуруъ аз ҳамон лаҳза то аввалҳои моҳи январи соли 2020 Сочаев Ҷ.Н. бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварии номбурда дар ҳафта як-ду ва дар маҷмуъ даҳ маротиба дар манзили истиқоматӣ бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии онҳо нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом медиҳад. Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд “А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи боло зикршуда бо сабабҳои аз ӯ вобастанабуда танҳо 1600 (ҳазору шаш сад) сомонии ӯро тасарруф менамояд. Аммо аз ин табобат дар саломатии шаҳрванд “А” ягон беҳбудӣ пайдо нагардида, аз ин кирдорҳои ҷиноятии Сочаев Ҷ.Н. ба охирин зарари калони моддӣ расонида шудааст.

 Ғайр аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев Ҷ.Н. муайян ва ошкор карда шуд.

 Чунончи, Сочаев Ҷ.Н. бо чунин тарзу усул дар давоми аз охирҳои моҳи январ то 25 феврали соли 2020 чунин амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз ҳиссиёт ва боварии динии онҳо анҷом дода, бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир менамояд.

 Нисбати Сочаев Ҷ.Н. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор аз 21 майи соли 2020 Сочаев Ҷ.Н. бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин кардашуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ