Хабарҳо

Оқибати қонунвайронкунӣ

   Иброҳимов Аҳмадулло Неъматович раиси ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент 20 марти соли 2019 бар хилофи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (тибқи талаботи моддаи 8-и Қонуни номбурда, зодрӯз бояд танҳо дар доираи оила гузаронида шавад) ҷашни зодрӯзашро дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамаоти деҳоти номбурда, деҳаи Ваҳдат бо даъвати меҳмонони зиёд нисфирӯзӣ ва бегоҳй гузаронидааст.

 Дар ин зодрӯз 5 нафар мутасаддиёни комиссияи доимии маҳаллӣ ва дигар шахсони масъули ҷамоати деҳот, аз ҷумла котиб, муҳандиси заминсоз, мутахассис оид ба ҷамъоварии андозҳо, масъули мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти мазкур иштирок намудаанд.

Прокуратураи шаҳри Панҷакент аз натиҷаи санҷиши ин қонунвайронкунӣ унвонии раиси шаҳри Панҷакент пешниҳод ирсол намуд, ки баъди баррасии он Иброҳимов А.Н. аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ