Хабарҳо
ОҚИБАТИ УСУЛИ НАВИ ТАЪЛИМ...
Набиев Қурбоналӣ Маҳмудович дар вазифаи директори мактаб- интернати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон фаъолият намуда, бархилофи раванди таълиму тарбияи соҳаи маориф амал карда, хонандаи синфи 8-и ҳамин мактаб Маҳмадаминов Суҳроб Фатоҳиддиновичро ба утоқи корни худ дароварда, бо сабаби гӯё ба талбандагӣ машғул буданаш бо чӯб задааст.
Прокурарураи вилояти Хатлон нисбати Набиев Қ.М. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқваӣронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ оғоз ва ба суди ноҳияи Шаҳритус ирсол намудааст, ки бо қарори суд Набиев Қ.М. аз рӯи ин кирдораш ҷарима карда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ