Хабарҳо

Густариши ҳамкориҳои Прокуратурам геиералӣ бо Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсои дар Осиёи Марказӣ

  Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳукуқӣ ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар доираи “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013- 2020”, Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020 бо мақсади такмили дониш ва малакаи касбӣ ва омӯзгории кормандони мақомоти прокуратура дар мавзӯи “Усулҳои муосири таҳияи Барномаҳои таълимӣ ва баргузор намудани машғулиятҳо вобаста ба такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура” аз 12 то 14 феврали соли 2019 бо ҷалби 14 нафар кормандони мақомоти прокуратура машғулиятҳо баргузор намуд.

 

   Машғулиятҳо аз ҷониби муаллимони Донишкада ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон вобаста ба хусусиятҳои хоси таҳияи Барномаҳои таълимӣ, интихоби мавзӯъҳо доӣр ба самтҳои гуногуни назорати прокурорӣ ва фаъолияти тафтишотӣ ва тартиби ташкил ва гузаронидани дарсҳо бо усулҳои таҳлили ҳолатҳои мушаххас (кеӣс стади), кор дар гурӯҳҳо, иҷрои кори инфиродӣ, кор бо хуҷҷатҳо, иҷрои нақшаҳои саҳнавӣ, истифодаи презентатсияҳо баргузор гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ