Хабарҳо
Куштори хоҳар аз ҷониби бародар
Ашӯрқулов Толибҷон Боҳодурович бо хоҳари ноболиғаш Ашӯрқулова Орзугул Бурҳоновна 2001 соли таввалудаш хонандаи синфи 11 Муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и шаҳри Истаравшан дар манзили истиқоматиашон воқеъ дар суроғаи деҳоти Зарҳалол, деҳаи Ободдара баҳсу муноқиша намуда, хаҳарашро ба оғилхона медарод.
Ашӯрқулов Т.Б. бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани Ашӯрқулова О.Б., ки гӯё обрӯи оилаашро дар назди сокинони деҳа паст зада бошад, халтаи синтетикиро гирифта, гардани хоҳарашро буғӣ карда, ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Пас аз ин Ашӯрқулов Т.Б. ҷасади Ашӯрқулова О.Б.- ро бо мақсади аз оғилхона бароварда ва пинҳон кардан сарашро аз тан бо ҷоду ҷудо кардааст.
Падари Ашӯрқулов Т.Б - Ашӯрқулов Боҳодур аз ин ҳодиса хабардор шуда, ба писараш кумак расонида,ҷасади духтарашро ба бордони автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-вектра" бор карда, ба заминҳои даштии ҳудуди деҳаи Ободдара бурда пинҳон мекунанд.
Прокуратураи шаҳри Истаравшан тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати Ашӯрқулов Т.Б. бо моддаи 104 қисми 2 банди "в" Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон ба итмом расонида, ба суди вилояти Суғд барои барраси ирсол намудааст.
Бо ҳукми судӣ, Ашӯрқулов Толибҷон Баҳодурович бо моддаи 104 қисми 2 банди "в" Кодекси ҷиноятии ҶумхурииТоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯхлати 18 сол бо адои ҷазо дар колониям ислоҳии дорои низомаш сахт таъин кардашуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ