Хабарҳо

ҚАЛЛОБ БА ТАВРИ МАҶБУРИ ЗАРАРРО БАРҚАРОР НАМУД

 Директоры генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ махдуди «Союз-Сохтмон» Додохонов М.И. аз соли 2017 дар 11 ҳолат даст ба ҷинояти қаллобӣ зада, аз шаҳрвандон Исмоилов А.К., Каримов М.К., Эргашева ҲМ., Гулмирзоев С.У., Аслонова Г.М., Боймуратова М.Э., Каримов Т.Ф., Абдуназарова О., Амонқулов Ҳ.Г., Ализода Ш. ва Раҷабов X. барои аз бинои сохтмонӣ воқеъ дар маҳаллаи 83-юми шаҳри Душанбе до дани манзилҳои истиқоматӣдар маҷмӯъ 147 ҳазору 225 доллары ИМА ва 167 ҳазору 883 сомонй гирифта, онҳоро тасарруф карда, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

  Пас аз анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣбо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 11 феврали соли 2019 Додохонов М.И. бо ин ҷинояти қаллобӣ гунаҳгор дониста, 11 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Дар рафти тафтишоти пешакй ва баррасии судй зарари ба шаҳрвандон расонида шуда, аз ҳисоби гунаҳгор ба манфиати ҷабрдидагон барқарор карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ