Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

БА ҶОЙИ ТАЪЛИМ ИСРОФКОРИ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

 Муродов МухторалӣНурматович дар вазифаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шаҳринав фаъолият намуда, тибқи ордерҳои хароҷоти хазинавӣ дар маҷмӯъ 19 ҳазору 835 сомонӣ маблағҳои барои таъмири ин мактаб ҷудошударо аз хазина гирифта, 7379 сомониашро азони худ намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.

   Ба ғайр аз ин Муродов М.Н. дар асоси фармони худ бародараш Муродов Усмоналӣ Нурматовичро ба ҳайси посбон ба кор қабул намуда, новобаста ба он, ки бародараш Муродов У.Н. дар Муассисаи мазкур ҳамчун посбон дар ягой давра кор ва фаъолият накардааст, бо роҳи сохтакории хизматӣба табелҳои иҷрои кор маълумотҳои бараъло бардурӯғ ворид ва бо роҳи таҳрифкорӣ дар онҳо рӯзҳои пурраи корӣ нишон до да, дар маҷмӯъ 5479 сомониро исрофкорӣнамуда, ба манфиати давлат зарари моддӣрасонидааст.

   Прокурори ноҳияи Шаҳринав нисбати Муродов М.Н. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди «г» ва 323 Кодексы ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣоғоз намуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ