Хабарҳо

Суистифода аз мансаби хизмати

 Зоирзода Салоҳидин Бақо барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ бо фармони раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз санаи 20 январи соли 2015 то 18 майи соли 2018 дар вазифаи муовини директор-сардори идораи муҳосиботи Департамента пардохти нафақа ва кортҳои бонкии Раёсати Б ДА ҶТ«Амонатбонк» фаъолият намуда, бо роҳи сохтакории кортҳо аз суратҳисоботҳои умуми бонкӣ маблағи умумии 579.574 сомонию 92 дирамро тасарруф намудааст.

  Инчунин, ӯ пас аз ин вазифа озод шуданаш шаби 19 майисоли 2018 ба тариқи ниҳонӣ вориди бонки мазкур гардида, бороҳи ғайриқонунӣ ворид шудан ба системаи шабакаи компютерӣ, тағйири иттилоот дар системаи шабакаи компютерӣ ва ба онҳо дохил намудани иттилооти бардурӯғ маблағи умумии 341.463 сомонию 78 дирамро тасарруф ва сӯииқасди тасарруфи маблағи 320.586 сомонию 20 дирамро кардааст.

Нисбати Зоирзода Салоҳидин Бақо бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 244 қисми 4 банди «б», 32 қисми 3-244 қисми 4 банди «б», 340 қисми 2 бандҳои«а», «в» ва 299 қисми 2 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркуни ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2018 Зоирзода С.Б. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 244 қисми 4 банди «б», 32 қисми 3-244 қисми 4 банди «б», 340 қисми 2 бандҳои «а», «в» ва 299 қисми 2 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба мӯҳлати 14 со л аз озоди маҳруми дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш пурзӯр бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар системаҳои бонкй новобаста аз шакли моликияташон ба мӯҳлати 5 сол ҷазо таъйин карда шуд.

Аз ҳисоби Зоирзода С. Б. Ба фоидаи БДА ҶТ «Амонатбонк» маблағи 921.038 сомонию 70 дирам рӯёнида шуд.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ