Хабарҳо
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, (03.12.2018) дар Прокуратураи генералӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони Прокурори генералӣ, масъулини Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масъунияти одам, Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияи муосир, Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои ҳозима ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи мазкур натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣдар фаъолияти муассисаҳои Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣқарор до да шуд.
Оид ба масъалаи зикршуда ахбороти сардорони Раёсати марбутаи Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он шунида шуда, натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазъи қонуният дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳолати иҷрои қонунгузории амалкунанда оиди хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби баъзе масъулини соҳа чандон ба талабот ҷавобгӯ набуда, дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд.
Бинобар ин, дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ба прокуророн супоришҳо ва ба мақомоти тандурустӣ тавсияҳо дода шуданд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ