Хабарҳо
ОҚИБАТИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ
Тибқи талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ уҳдадор гардидаанд, ки тӯйи домодию арӯсиро дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва до дани оши тӯй барои 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронанд.
Гарчанде, аз ҷониби аксари шаҳрвандон талаботи қонуни мазкур риоя гардида истода бошад ҳам, аммо мутаасифона дар баъзе ҳолатҳо талаботи ин қонун риоя намегардад ва чунин ҳолатҳо ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ ошкор карда шудаанд.
Чунончӣ, шаҳрванд Қосимов Мумин Аҳматович 1 сентябри соли 2018 тӯйи арусию домодии фарзандаш Қосимова Ёсуман Муминовнаро гузаронида, аз соати 07- 00 то соати 10 -00 ба хешу табор ва аҳолии деҳа оши тӯй дода, боз худи ҳамон рӯз аз соати 20- 00 то соти 22- 00 дар манзили истиқоматиаш барои зиёда аз 50 нафар хешу таборонаш таъом омада намуда, зиёфат додааст.
Оиди ин ҳолат аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Қосимов М.А. бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, минбаъд бо қарори суд номбурда бо ин модда гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5000 сомонй ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ