Хабарҳо
Мулоқоти Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Бюрои федералии тафтишотии ШМА
6 ноябри соли 2018 дар ш.Вашингтон мулоқоти Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Директори Бюрои федералии тафтишотии (ФБР) ШМА Кристофер Рэй баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Прокуратураи генералӣ ва Бюрои федералии тафтишотӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ – терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ва ба мувофиқа расондани санадҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар ин самтро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни мулоқот Директори Бюрои федералии тафтишотии ШМА миннатдории худро барои ҳамкорӣ дар раванди тафтишоти амали террористӣ, ки 29 июли соли ҷорӣ дар кишвар рух дода буд, баён намуд.
Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Бюрои федералии тафтишотии ШМА ҳавасмандии худро барои таҳким ва густариши ҳамкориҳо миёни мақомотҳои хеш таъкид намуданд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ