Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

ОҚИБАТИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

  Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд" падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо уҳдадор гардидаанд, ки барои таълими тартибияи фарзанд шароити мусоид фароҳам оваранд.

   Дар ҳолати аз ҷониби шахсони масъул иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадории ба зимаашон гузошта шуда, онҳо тибқи қонуни зикршуда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, вале дар баъзе ҳолатҳо талаботи қонунгузории номбурда риоя намегардад.

Чунончи, 1 октябри соли 2018 хонандаи синфи 6-и МТМУ №2 шаҳри Вахдат Нуриддинов Муҳаммадҷон Файзиддинович аз беназорати ва бемасъулиятии падараш Нуриддинов Ф.Ф. истифода бурда, ба муассисаи таълими нарафта, дар машғулиятҳои таълимӣ иштирок накарда, ба ҷамъ кардани маблағи роҳкирои дар накдиёти мусофиркашй маннул гардидааст.

Оиди ин ҳолат аз ҷониби прокурори шаҳри Вахдат нисбати Нуриддинов Ф.Ф. бо моддаи 90 КҲМ Ҷумхурии Тоҷикистон парвандаи хуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, минбаъд бо қарори суд номбурда бо ин модда гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 150 сомонй ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Ба ҳамин монанд, 1 октябри соли 2018 хонандаи синфи 5-уми МТМУ №26 шаҳри Вахдат Исматзода Паймонаи Фарух аз беназорати ва бемасъулиятии модараш Холова М.Ҳ. истифода бурда, дар бозори марказии шаҳр ба фуруши меваҷотй машғул гардидааст.

Вобаста ба ин ҳолат низ прокурори шаҳри Вахдат нисбати Холова М.Ҳ. бо моддаи 90 КҲМ Ҷумхурии Тоҷикистон парвандаи хукуқвайронкунии маъмурй оғоз карда, бо қарори суд нисбаташ ҷазои дарима ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 150 сомонй ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ