Хабарҳо

ОҚИБАТИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ

  Тибқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон" шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷашни зодрӯзро ба таври ихтиёри танҳо дар доираи оила гузаронанд....

    Инчунин, мувофиқи моддаи 15-и ҳамин қонун дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеъи ва хуқуқӣ риоя накардани талаботҳои қонуни мазкур, тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

    Гарчанде, аз ҷониби шаҳрвандон талаботҳои қонуни мазкур риоя гардида истода бошад ҳам, аммо мутаасифона дар баъзе ҳолатҳо талаботҳои ин қонун риоя намегардад, ки чунин ҳолатҳо ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ ошкор карда шудаанд.

  Чунончӣ, 17 сентябри соли 2018 шаҳрванд Бобоҷонова Азиза Камолиддиновна барои ҷашни 25-солагии худ дугонаҳояш Бурҳонова П.З., Ҷӯраева К.О., Дадабоева Я.А., Ниёзмамадова Р. ва дигарон, ҷамъ 6 нафарро ба тарабхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд даъват карда, бо оростани дастархони идона зодрӯзро гузаронидааст.

   Оиди ин ҳолат аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Бобоҷонова А.К. бо моддаи 481 КҲМ Ҷумхурии Тоҷикистон, яъне барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо парвандаи хуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, минбаъд бо қарори суд номбурда бо ин модда гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5000 сомонй ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ