Хабарҳо

Сазои ҷиноятӣ авбоши

  Саидов Ҷаҳонгир Абдухолиқович бинобар ҷой доштани хусумат бо шаҳрванд Раҷабов А.М. санаи 26 марта соли 2018 тахминан соати 23:00 дар кӯчаи Н.Додихудоеви шаҳри Душанбе бо рафиқонаш Шарипов Муҳаммад Бахтиёрович, Ҳасанов Хайём Амонуллоевич ва Шарипов Далер Ҳабибуллоевич вохӯрда, маслиҳат намуда ба хулоса омаданд, ки бо олотҳои ҷиноят аз қабили корд, табар ва чӯбдасти оҳанин мусаллаҳ гашта, ба назди бинои ШВКД-2 ноҳияи Сино, ки Раҷабов А.М. бояд аз он ҷо мебаромад ҳозир шаванд.

  Ҳангоми расидан ба он ҷо мушоҳида намуданд, ки дар назди бинои мазкур автомашинаи тамғаи ВАЗ 21015 рақами қайди давлатиаш 2218 DD01, ки дар дохилаш Ҳакимов Ғ.Х., Ҳакимов С.А., Қодиров Д.А. ва Наимов Д., ки хешовандони Раҷабов А.М. буданд, истодаанд. Ин ҷо бо мақсади амали намудани ниятҳои ҷинояткоронаи худ, онҳо якҷоя аз ҳиссиёти авбошона бо онҳо ҷанҷол намуда, нисбаташон дашномҳои қабеҳ изҳор намуданд.

Саидов Ҷ.А. бошад, дар як вақт дари қафои автомашинаро кушода бо корди дар дасташ буда, ба Ҳакимов С.А. ҳамла намуд, ки номбурда худро ба канор гирифта зарба ба ӯ нарасид.

Бо назардошти он. ки ҷинояти мазкур дар назди бинои ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе pyxдод, кормандони милитсия аз ин ҳолат бохабар шуда Саидов Ҷ.А. ва ҳамроҳони ӯро дастгир намуданд.

Нисбати Саидов Ҷ.А., Шарипов М.Б, Ҳасанов Х.А. ва Шарипов Д. Ҳ. бо аломатҳои моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои содир намудани авбошӣбо истифодаи ярок парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтишот бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суд Саидов Ҷ.А, Шарипов М.Б., Ҳасанов Х.А. ва Шарипов Д.Ҳ. бо моддаи номбурда гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо бо ин модда ба муҳлати 5 соли ва 5 солу 6 моҳи маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо таъин карда шуд.     

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ