Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Содир намудани ҷиноятҳои одамкуши ва роҳзанӣ

  Садиров Ҷамолиддин Маҳмадиёрович барои он гунаҳгор дониста шуд, ки ӯ дидаю дониста, ки Ҳомидов Баҳром Холиқович ва дигар шарикони ӯ аз соли 1997 аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Исоев Нурулло гардида, дар ҳудуди шаҳри Вахдат ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он ба фаъолияти ҷинояткорӣ даст доранд, аввалҳои соли 2000 ба дастаи мазкур шомил шуда, то 17 апрели соли 2000-ум ҳамчун аъзои он амал намуда, ҷинояти махсусан вазнинро содир намудааст.

  Чунончи, Садиров Ҷ.М. шаби 27 ба 28 феврали соли 2000 бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзоёни гурӯҳ Ҳомидов Б.Х., Лолаев Л.Х., Саидов Ҳ.Х. ва Заҳидулоев Н.Б. бо силоҳҳои оташфишони тамгаи автомати Калашников ва ғайра мусаллаҳ гардида, дар деҳаи Деҳқонободи шаҳри Вахдат ҷинояти роҳзани, куштори шаҳрвандон Пирназаров Ш. ва Толибова И., суйиқасд ба куштори Пирназаров 3., қасдан несту нобуд кардани ду capчорвои калони шохдори Пирназаров Ш.-ро содир намуда, баъди содир намудани ҷиноят ба Федератсияи Россия фирор намудааст.

    Нисбати Садиров Ҷ.М. вобаста ба ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, пас аз дастгир намудани ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

   Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садиров Ҷ.М. бо моддаҳои 104 қисми 2, 186 қисми 2, 249 қисми 4, ва 255 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои одамкушӣ, иштирок дар гуруҳи муташакил, роҳзанӣ ва қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ 24 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои намудан дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ