Хабарҳо

Ҷинояткорон барои порагири ҷазо гирифтанд

 Шукурзода Қобил Нарзулло- сардори шуъбаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти ин Кумита, тахминан 28 феврали соли 2018 дидаю дониста, ки довталаби иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи сохтмон ҶДММ «Идрис-2017» мутахассис, бино ва техникаҳои барои пешбурди фаъолияти сохтмони заруриро надорад, барои ғайриконуни омода кардани ҳуҷҷатхои дахлдор оиди гуё дар ҷамъияти мазкур мавҷуд будани мутахассисони соҳаи сохтмон ва бинову техникаҳои лозимӣ дар утоқи кории худ аз муассиси ин ҷамъият Шарипов Х.Я. дар ҳузури мутахассиси пешбари шуъба Амонзода Ф.С., ки дар содир намудани ҷиноят ба у ёрдам мекард, маблағи 8200 сомонӣ ба сифати пора талаб кардааст.

  Шукурзода Қ.Н. бо Амонзода Ф.С. амали ҷинояткоронаашонро бо мақсади зиёдтар ба даст овардани маблағи пора давом дода, дар утоқи кориашон бо роҳи сохтакории шартнома оиди гуё иҷораи бино байни ҶДММ “Идрис-2017" ва иҷорадеҳ Фозилова М.А.-ро аз 12 марта соли 2018 тайёр карда, имзои уро сохтакорӣ карда, барои тайёр кардани ин асноди расми 19 марта соли 2018 аз Шарипов Х.Я. 1200 сомонии дигар ба сифати пора гирифта, аз он 400 сомониашро ба шарикаш Амонзода Ф.С. додааст.

  26 марта соли 2018 Шукурзода Қ.H. парвандаи довталаби иҷозатнома ҶДММ «Идрис- 2017»-ро, ки дорои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ буд, ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда, асоснокии ҳуҷҷатҳои дохили парвандаро ба аьзои комиссия вонамуд сохта, барои ба ин довталаб додани иҷозатнома мусоидат намудааст. Дар натиҷаи чунин амали ғайриконунии Шукурзода Қ.Н. ва Амонзода Ф.С. бо қарори Комиссияи зикргардида 27 марта соли 2018 ба ҶДММ “Идрис-2017” иҷозатномаи фаъолият оид ба сохтмони биноҳо ва иморату иншоот таҳти силсилаи ДБ-3 №0002569 дода шуда, роҳбари ҶДММ «Идрис-2017» Шарипов Х.Я. зарари ҷиддӣ расонида шудааст.

  Нисбати Шукурзода Ҷ.Н. ва Амонзода Ф.С. бо аломатҳои моддаҳои 319 қисми 2 (барои гирифтани пора), қисми 5 моддаи 36-319 қ2 (барои шарикӣ дар гирифтани пора) ва 323 (барои сохтакории хизматӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи чиноятй огоз намуда баъди ба итмом расидани тафтишй пешакй бо тасдики хулосаи айбдоркуни ба суд ирсол карда шудааст.

  Бо ҳукми суд нисбати судшаванда Шукурзода Қобил Нарзулло 279250 сомонӣ ва судшаванда Амонзода Фирузи Садриддин 278000 сомонӣ ҷазои ҷарима бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба муҳлати 4 сол ҷазо таъин карда шудаст.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ