Хабарҳо

Заминфуруш ҷазои сазовор гирифт

  Ҳамдамов Аҳдидин Раҳмиддинович бо мақсади қаллобӣ, яьне тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ва суйистифодаи боварӣ бо маслиҳати пешакӣ бо “Саидраҳмон” ном шахси ба тафтишот номаълум бо роҳи сохтакорӣ намудани ҳуҷҷатҳо тирамоҳи соли 2011 ба ивази ҷудо намудани қитъаи замин аз Муродов М.А. автомашинаи тамғаи “Тойота- Ландкрузер”-ро ба маблағи 10.000 доллари ИМА гирифта, ба у қитъаи замин дар масоҳати 0.10 га, воқеъ дар деҳаи Сароби ноҳияи Рудакӣ ҷудо карда додааст.

  Ғайр аз ин, у соли 2011 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон Шарипова Ҳ.И. ва Давлатов Л. даромада, аз онҳо маблағи 10.000 доллари ИМА барои ҷудо намудани қитъаи замин гирифта, маблағҳои мазкурро барои эхтиёҷоти шахсии худ харҷ намуда, ба номбурдагон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Нисбати Ҳамдамов А.Р. аз ҷониби мақомоти тафтиши пешакӣ бо аломатҳои моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» (барои қаллобӣ), 3381 қисми 2 бандҳои «а,б», (барои ғайриқонуни додани қитъаи замин) ва 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в» (барои сохтакории ҳуҷҷатҳо) ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишӣ пешакӣ бо тасдики хулосаи айбдоркуни ба суд ирсол карда шуд.

  Бо ҳукми суд аз 18 июни соли 2018 Ҳамдамов А.Р. бо моддаҳои зикргардида гунаҳгор дониста шуда, ба у тибқи талаботи моддаи 67 қисмҳои 3,5-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмуи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои нихой дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 4 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзур таъин карда шуд

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ