Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Пинҳонкунии маблағҳои андоз ошкор карда шуд

  Бо мақсади саркаши намудан аз пардохти андозҳо дидаю дониста бо роҳи ворид намудани маҳсулоти таҳрифшуда ба эъломияҳои андоз аз арзиши иловашуда ва пинҳон доштани манбаи андозбандишавандаи ин намуди андоз аз 01.01.2017 сол то 01.11.2017 сол дар ҳисоботҳоиандоз манбаи хариди андозбандишавандаро ба маблағи 12 518 669 сомонӣ пинҳон дода, ба нозироти андоз дар шаҳри Турсунзода ҳисоботҳои таҳрифшуда пешниҳод намудааст.

    Дар асл бошад,

 манбаи андозбандишавандаи ин намуди андоз 50565344 сомониро ташкил дода,ҶумаевҚ.М. ба маблағи 38046675 сомонӣ манбаи андозбандишавандаи андози мазкурро пинҳон карда, бо назардошти нархи бозории маҳсулот аз супоридани 932420 сомонӣ саркаши кардааст.

Инчунин, ӯдар давраи зикршуда аз супоридани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба маблати 102272 сомонӣ, андоз аз суди саҳмия ба маблағи 10959 сомонӣ, андоз аз фоида ба маблағи 23578 сомонӣ,ҷамъ ба маблағи умумии 1 069 229 сомонӣ саркаши кардааст.

     Нисбати Ҷумаев Қаландар Муҳамадиевич аз ҷониби прокуратураи шаҳри Турсунзода бо аломати моддаи  292 кисми 1 (барои пинҳонкунии маблағҳои андоз) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркуни ба суд ирсол карда шудааст.

Бо ҳукмисуди шаҳри Турсунзода аз 14 апрели соли 2018 Ҷумаев Қаландар Муҳамадиевич, дар содир намудани ҷиноятӣбо моддаи 292 кисми 1КҶҶумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯбо ин модда ҷазодар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи соҳибкори бамуҳлати 3 сол таъин карда шудааст.

Инчунин бо парвандаи ҷиноятӣаризаи даъвогӣ оиди рӯёнидани маблағи 1 069 229 сомонӣ аз ҳисоби Ҷумаев Қ.М. ба манфиати давлат ба суди шаҳр пешниҳод карда шудааст, ки он қонеъ гардонида шудааст.              

 

       Маркази матбуоти

       Прокуратураи генералӣ