Хабарҳо

Амали ғайриқонунӣ оқибат бе ҷазо намемонад.

      Сатторов Абдураҳим Абдурасулович 28 майи соли 2014 барои рушди тиҷорати худ аз ҶСП ТАҚХ “Нисор фом” бидуни гузоштани гарав маблаги 240.000 сомонӣ аз рӯи меъёри 30%-и солона бо шарти то 12 моҳ баргардонидани он кредит гирифта, маблаги зикршударо ба манфиати шахсиаш сарф карда, бо рад кардани ҳолати гирифтани маблағ аз барқарор намудани он саркашӣ намуда, ба ҷамъияти номбурда ба миқдори 240.000 сомони зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

 Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 5 июни соли 2018 Сатторов А.А. бо моддаи 246 қисми 3 банди «б» (барои тасарруфи пулу моли бо тариқи кредит додашуда) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ба муҳлати 9 сол  маҳрум сохтан аз озодӣ  ҷазо   таъин карда шуд.

Аз ҳисоби судшаванда Сатторов А.А. ба фоидаи ҶСП ТАҚХ “Нисор фом” маблағи зарари расонидашуда ба андозаи 240.000 сомонӣ рӯёнида шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ