Хабарҳо

Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад

    Розиев Хайрулло Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 03-юми феврали соли 1974, зода ва истикоматкунандаи шаҳри Леваканд, кӯчаи Рӯдакӣ, хонаи бе рақам, бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», ки тибқи он, ба ғайр аз ҳолатҳои дар қисми 13 моддаи 8-и ин Қонун пешбинишуда ба шахсони воқеӣ дигар амалиётҳо бо асъори хориҷӣманъ карда шудааст, дар ҳудуди бозори ҶДММ «Фаровон-Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар ба амалиёти асъорӣ машғул гардидааст.

 

19-уми марти соли 2018 тақрибан соатҳои 15:05 ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ Розиев Х.С. барои  хариду фуруши асъори хориҷӣ  дастгир карда  шуд.

Нисбати Розиев Х.С. аз ҷониби прокуратураи шаҳри Бохтар бо моддаи 286 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ)  парвандаи ҷинояти оғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.  

Бо  ҳукми суди шаҳри Бохтар Розиев Х.С. бо моддаи 286 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 4 сол маҳруми аз озоди дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умуми  ҷазо таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ