Хабарҳо

Оқибати ҷиноятҳои қаллобӣ ва тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда

    Балхов Эраҷ Давлятбекович ва Газарян Арам Рафаилович барои он гунаҳкор дониста шудаанд, ки Балхов Э.Д. дар давраи аз 18 августи соли 2011 то 30 марти соли 2012 бо мақсади тасарруфи маблағҳои пулии ҶСК “Агроинвестбонк” бо маслиҳати пешакӣ бо эксперти қарзии Маркази хизматрасонии бонкии №7-и ҷамъияти номбурда дар шаҳри Душанбе Қудратов  А.Ҳ. дар нуҳ ҳолат ба номи худ, хешовандону дӯстонаш ва дар як ҳолат бо маслиҳати пешакӣ бо Қудратов А.Ҳ. ва Газарян А.Р. ба номи ӯ дар маҷмӯъ 50.000 доллари ИМА қарзи бонкӣ гирифта, ба манфиатҳои шахсиашон сарф намуда, ба ҶСК “Агроинвестбонк” ба миқдори 56.436,75 доллари ИМА зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.

 Ҳамзамон, Балхов Э.Д. 30 марти соли 2012 бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварии Сабурова Р.У. ва келинаш Идибойзода М. ба номи онҳо аз Маркази хизматрасонии бонкии №7-и ҶСК “Агроинвестбонк” дар шаҳри Душанбе 10.000 доллари ИМА қарзи бонкӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, аз пардохти он саркашӣ намудааст.Сабурова Р.У. бо талаби намояндагони ҶСК “Агроинвестбонк” хонаи истиқоматии фарзанди маъюбаш Сабуров Ш.У., воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, бинои №93, ҳуҷраи №31-ро фурӯхта, аз ҳисоби он маблағи 17.728,36 доллари ИМА қарзи бонкиро пардохт кардааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 9 марти соли 2018 Балхов Э.Д. бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б”Кодекси ҷиноятӣ, яъне бароиқаллобӣ ва тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашудагунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ  ба муҳлати 5 сол ва Газарян А.Р.бо моддаи 246 қисми 3 банди “б”яъне барои тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашудагунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ  ба муҳлати 5 сол ва ҷарима ба андозаи  ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 50.000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Ё ин, ки Аминов Ҷ.Г. барои он гунаҳкор дониста шудааст, киӯаз соли 2006 то соли 2011 ба тайёр намудан ва ороишдиҳии лавҳаҳои рекламавӣ машғул гардида, бинобар ба муфлисӣ дучор гаштани шарикони тиҷоратиаш ин ҳолат низ ба ӯ таъсир расонида, дар натиҷа то моҳи декабри соли 2014 маблағи калони пули карздор шудааст. Бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз маблағи қарз ӯ 1 декабри соли 2014 ба филиали ҶСП БСТТИСТ "Тоҷпромбонк" дар ноҳияи Шоҳмансур бо дархости қарзӣ барои гирифтани 150.000 сомонӣ барои таъмири хонаи истиқоматиаш муроҷиат намуда, 9 декабри соли 2014 роҳбарияти филиали бонки мазкур бо Аминов Ҷ.Г. шартномаи қарзии №09 оиди додани кредит ба маблағи 150.000 сомонӣ ба имзо расонидааст.Аминов Ҷ.Г. маблағи 150.000 сомонии ба тариқи кредит ҷудошударо нақд аз хазинаи филиали бонки мазкур гирифта, онро ғайримақсаднок истифода намуда, қарзҳои шахсиашро баргардонида, бо ин роҳ маблағи кредитиро тасарруф намуда, аз баргардонидани минбаъдаи он саркашӣ намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 12 марти соли 2018 Аминов Ҷ.Г. бо моддаи 246 қисми 3 банди "б" Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашудагунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 2 сол таъин карда шуд

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ