Додани пора - Генеральная прокуратура Республики Таджикистан
 
 

Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Додани пора

   Казаков Улуғбек Маъмурҷонович бо мақсади озод кардани падараш Казаков Маъмурҷон ва бародараш Казаков Фурқат, ки дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятӣ гумонбар дониста шудаанд бо ваколатдори оперативии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Шамсуллоев Б. оиди додани пора ба маблағи 30000 доллари ИМА маслиҳат намудаанд...

  Казаков У.М. 7 марти соли 2017 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ба капитани милитсия Шамсуллоев Б. ҳамчун миёнарав барои минбаъд кумак намудан дар озод намудани падараш Казаков М. ва бародараш Казаков Ф. маблағи 59850 сомонӣ, 10000 рублӣ русӣ ва 7480 доллари ИМА-ро ҳамчун пора пешниҳод кардааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи И. Сомонӣ аз 20 апрели соли 2017 Казаков У.М. бо моддаи 320 қисми 1 Кодекси ҷиноятй, яъне барои додани пора гунаҳкор дониста шуда, ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи 50 000 сомонӣ таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ