Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАҲОИ 27- уми Шӯрои ҳамоҳангсозии Прокуророни генералии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 15- уми Прокуророни генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай

  29 ноябри соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи 27-уми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Прокуророни генералии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. 

    Дар кори ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Узбекистон, Котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозии

 Прокуророни генералии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Маркази зиддитеррористии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. 

     Дар кори ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук Музаффар Юсуфӣ, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Мануҷеҳр Маҳмудзода ва прокурори шаҳри Гулистони вилояти Суғд Абдулло Абдуллозода ширкат варзиданд.

     Дар ҷаласаи мазкур ба масъалаи муқовимат ба ҷиноятҳои бо роҳи технологияи информатсионӣ- коммуникатсионӣ содиршуда диққат дода шуд. 

      Дар баробари ин таҷрибаи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ ва муқовимат бо омилҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

   Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, бастани роҳҳои интиқоли онҳо, муайян намудани шахсони дар муомилоти ғайриқонунии он иштироккунанда, аз он ҷумла, бо роҳи “интиқоли санҷишӣ” баромад намуд.   

   Дар доираи ҷаласа инчунин вохӯриҳои дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокуророни генералии Ҷумҳурии Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. 

    Дар ҳамон рӯз дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи 15-уми Прокуророни генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.

   Дар доираи ин ҷорабинӣ намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Белорус, Ҳиндустон, Эрон, Казоқистон, Қирғизистон, Хитой, Муғулистон, Покистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Узбекистон, Хорватия, котиботи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ иштирок доштанд.

    Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Ю.А. дар мавзӯи муқовимат ба ҷиноятҳои бо истифодаи технологияи муосири информатсионӣ- коммуникатсионӣ содиршуда баромад намуд.

     Дар як вақт дар ҷаласа проблемаи пешгирӣ ва тафтиши ҷиноятҳои бо истифодаи технологияи муосири информатсионӣ-коммуникатсионӣ содиршуда ва хусусияти фаромиллидошта, ба ҳам наздик намудани қонунгузорӣ дар соҳаи муқовимат бо ҷиноятҳои бо истифодаи технологияи муосири информатсионӣ- коммуникатсионӣ содиршуда, муқовимат ба ҷиноятҳо нисбати ноболиғон ва ҷавонон, ки бо истифода аз хати Интернет содир шудааст ва муқовимат ба истифодаи технологияи информатсионӣ-коммуникатсионӣ бо мақсади ба амалбарории фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

      Дар доираи ин ҷаласа инчунин вохӯрии дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  баргузор гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ