Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ

 Имрӯз 10 октябри соли 2017 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид, ки дар он масъулини Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ширкат варзиданд. 

 Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҷамъбасти натиҷаи санҷиши вазъи иҷрои қонунгузории амалкунанда дар фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” дар қисмати ҷустуҷӯи шахсони бедарак гумшуда ва муайян кардани шахсияти ҷасадҳои номаълум дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар соли 2016 ва нимсолаи якуми соли 2017, ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар 9-моҳи соли 2017 ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда дар таҳкими қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба ин масъалаҳо ахбороти кормандони масъули Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул шунида шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазъи қонуният дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.

Дар назди масъулини вазорату идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонуншиканиҳо дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта  шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ