Хабарҳо
МАҲКУМШАВИИ Бобохонзода Б., Гулмадов И.Б., Носиров Ҷ.Н., Сарбозов Д.М., Шарифов Ш.Ш. ва Ниёзов А.Н.
Дар суди ҳарбии гарнизони Хатлон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бобохонзода Б. ва дигарон бо моддаҳои 200 қисми 4 банди «д» , 335 қисми 2 бандҳои «б,д» ва 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардид.
Номбурдагон барои он гунаҳгор дониста шудаанд, ки 03.12.2016 Гулмадов И.Б., Бобохонзода Б. ва Камолиддин Валади Тутӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ бо шаҳрвандон Сарбозов Д.М., Носиров Ҷ.Н., Шарифов Ш.Ш., Ниёзов Ф.А. ва Шарипов Қ А. дар асоси маслиҳати пешакӣ 63 кг. воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш”-ро ғайриқонунӣ аз самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, ба ҳудуди ҷамоати деҳоти Турдиеви ноҳияи М.С.А Ҳамадонӣ интиқол дода бо худ нигоҳ медоштанд.
05.12.2016 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи номбурдагон дастгир гардида, 63 кг. воситаҳои нашъадори навъи “Ҳашиш”, аз онҳо ёфта гирифта шуд.
Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хатлон айбдоршавандагон Бобохонзода Б., Гулмадов И.Б., Носиров Ҷ.Н., Сарбозов Д.М. ва Шарифов Ш.Ш. бо моддаҳои дар боло қайдгардида гунаҳкор дониста шуда, Бобохонзода Б., Гулмадов И.Б. ва Носиров Ҷ.Н. 18 сол, Сарбозов Д.М. 17 сол, Шарифов Ш.Ш.16 сол ва Ниёзов Н.А. ба муҳлати 14 сол ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардиданд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ