Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

КУШИШИ ПАЙВАСТАН БА ТЕРРОРИЗМ

  24.05.2017 дар суди ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Вазиров А.Б. ва Салимова М.Ш. бо м. 32 қ. 3 - 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Вазиров А.Б. ва Салимова М.Ш. барои он айбдор дониста шудаанд, ки Вазиров А. 01.09.2015 ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои дидорбинии бародараш Вазиров Ф.Б., ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, рафтааст. Ҳангоми дар шаҳри Москва қарор доштанаш бо «Далер» ном шахс, ки шахсияташ муайян карда нашудааст, шинос шуда, дар телефонаш наворҳоро оиди муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» тамошо карда бо ғоя ва мақсадҳои онҳо шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. 

 Моҳи октябри соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, тавассути шабакаи интернетии «Зелло» бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Т.М., ки дар Ҷумҳурии Арабии Сурия қарор дошт шиносоӣ пайдо намудааст.

Вазиров  А.Б. бодаъватҳои Назаров Т.М. оиди иштирок намудан дар ташкилоти террористӣ-экстремисти розӣ шуда, ѓояҳои ин гурӯҳро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст.

Бо мақсади аъзои гурӯҳи террористӣ шудан бо ҳамроҳии ҳамсараш Салимова М.Ш. ва се фарзанди ноболиғаш Вазирова Р.А., Вазиров Ш.А. ва Вазирова С.А. чиптаи ҳавопаймоии хатсайри Душанбе-Истамбул харидорӣ намуда, ба Ҷумҳурии Туркия парвоз намудаанд.

   Дар фурудгоҳи Ататурки шаҳри Истамбул ӯ ва ҳамсару фарзандонашро яке аз аъзоёни  ин гурӯҳи террористӣ-эстремистии «Давлати исломӣ» бо номи “Аҳмад” пешвоз гирифтааст.

   Вазиров А.Б. моҳи сентябри соли 2016  боз  бо Назаров Т.М. муошират барқарор намуда, номбурда  ба Вазиров А.Б.  гуфтааст, ки бинобар  сабаби баста будани сарҳади Ҷумҳурии Туркия бо Ҷумҳурии Арабии Сурия  онҳоро қабул карда наметавонад.

12.01.2017 барои таҳсил намудан дар мадрасаи Маккаи шаҳри Зоҳидони  Ҷумҳурии Исломии Эрон  тавассути хатсайри Истамбул-Теҳрон парвоз намудаанд. Минбаъд, онҳо аз шаҳри Теҳрон ба шаҳри Зоҳидон рафтаанд ва аз  ҷониби  кормандони  ҳифзи  ҳуқуқ дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ  аз  24.05. 2017  Вазиров А.Б. ва Салимова М.Ш.  бо моддаҳои дар  боло  кайд  гардида  гунаҳгор дониста шуда,  Вазиров  А.Б. ба муҳлати 13  сол  ва  Салимова М.Ш.  ба  муҳлати 12 сол,  аз озодӣмаҳрум карда  шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ