Хабарҳо

МАСЛИҲАТ ВА АМАЛИ НОҶО – БОИСИ ҶАЗО

 Дар  суди н. И. Сомонии ш. Душанбе бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Давлатов Зайнидин Сафарович бо моддаи  200 қ. 4 банди “д”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Давлатов З.С. барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки  ӯ  аввалҳои моҳи  июни соли 2016 бо “Алӣ” ном шахс вохӯрда, таклифи ӯро дар бораи ба ивази 1000  доллари ИМА аз ш. Душанбе ба ш. Бустони  вилояти Суғд  бурда расонидани 21090,0 гр воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” қабул намудааст. 

19 июли соли 2016 Давлатов З.С. бо “Алӣ” дар  тамос  шуда, аз рӯи нишондоди ӯ ба назди  партовгоҳи  маҳалаи 7 ш. Душанбе омада, аз он ҷо халтаи полиэтилении дохилаш 21090,0 гр воситаи нашъадори  навъи  “ҳашиш”-ро, ки “Алӣ”  гузошта буд, гирифта, онро ба манзили  зисташ,  воқеъ дар  н. Варзоб, Ҷамоати  деҳоти  С. Айни,  деҳаи Пирзобод интиқол дода, то 20 июли соли 2016 дар оғилхонааш пинҳон намудааст. 20 июли соли 2016 дар натиҷаи гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  аз манзили зисти Давлатов З.С., ин воситаҳои  нашъадор дарёфт карда  шуданд.

Бо ҳукми суди н. И. Сомонии ш. Душанбе аз 17 ноябри соли 2016  Давлатов З.С. бо моддаи 200 қ. 4 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ  ҷазо дар намуди  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои  низомаш  сахт  таъин  карда  шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ