Хабарҳо
Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои куҳи сохтмон ва дигар корҳо !
Гав Ан Фу, 12 октябри 1972 соли таваллудаш, шаҳрванди Ҷумҳурии Халкии Хитой, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Анзоб, деҳаи Работ, ҳамчун сардори қитъа оид ба техникаи бехатарии ҶДММ “Куҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой” кор карда, даст ба ҷинояти вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо, агар ин аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ва дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад зада, ҷиноятро дар ҳолати зерин содир намудааст.
Чунончӣ, ӯ санаи 08.04.2022 сол тахминан соатҳои 14-00 дақика ҳангоми иҷрои корҳои нақбканӣ ва насб намудани қубурҳои обгузару ҳаводиҳанда аз тарафи нақбкан Ҳасанов Ҷамшед Гулмуродович, санаи таваллудаш 1984 сол, сокини деҳаи Марзичи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, дар қитъаи зеризаминии №5-и кони Работ, уфуқи 1733 аз болои шифти нақб ҷинсҳои кӯҳӣ ғалтида, нақбкан Ҳасанов Ҷ.Г. дар зери он монда, аз гармии ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҷои ҳодиса сӯхта, ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, мувофиқи хулосаи комиссияи тафтиши ҳодисаи нохуши ҳолати марговари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 14.04.2022 сол сардори қитъа оид ба техникаи бехатарии ҶДММ “Куҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой” Гав Ан Фу, бархилофи талаботи бандҳои 16, 24 ва 25-и “Қоидаҳои бехатарӣ дар шахтаҳои ангишт” амал намуда, ба кормандони нақбкан дар нақби ҳарораташ баланд дастури корӣ додааст.
Оиди ҳолати мазкур, аз ҷонибӣ прокурори ноҳияи Айнии вилояти Суғд, нисбати Гав Ан Фу, бо моддаи 190 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Аз тарафи суди нохияи Айнии вилояти Сугд, аз 13.05.2022 сол Гав Ан Фу, бо моддаи 190 қисми 2-и КҶ Чумхурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣба мӯҳлати 1 (як) сол бо нигох доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сукунат таъин карда шуда ва бо дастрасии моддаи 71-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шартан татбиқ накардани ҷазо ба муҳлати 1 сол муҳлати санҷишӣ мукаррар карда шудааст.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ