Хабарҳо

Бемасъулиятии падару модар!

Прокуратураи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дар бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Восеъ санҷида, муайян намудааст, ки шаҳрванд Тоштемиров Воҳид Боймуродович, сокини ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти М.Вайсов, деҳаи Заркорон, фарзанди ноболиғаш Тоштемурова Фарахноз, санаи таваллудаш 23-юми феврали соли 2020- ро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ то ҳол нагузаронидааст.

 

     Тибқи талаботи моддаи 8 сархати 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модар ӯҳдадоранд, ки пас аз таваллуд фарзандро дар муҳлати то 3 моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

     Прокурори ноҳияи Восеъ нисбати Тоштемиров В.Б. бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба суд ирсол намудааст.

     Бо қарори суди ноҳияи Восеъ, аз 22 апрели 2022 сол нисбати Тоштемиров В.Б.  ҷазои ҷарима ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 192 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст. 

           

            Маркази матбуоти

            Прокуратураи генералӣ