Хабарҳо

Кӯштори модар аз ҷониби писар !

 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қосимов Мустақим Ятимовичро, бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, е”-и КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби прокуратураи шаҳри Роғун ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд. Дар рафти тафтишоти пешаки ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Қосимов М. Я. дар суроғаи шаҳри Роғун, кӯчаи Норакиён бинои 24, ҳуҷраи 157  бо  ҳамроҳии падараш Қосимов Ятим, модараш Маҳмудова Зебониссо Ғозиевна ва зану фарзандонаш истиқомат карда,

     вақтҳои охир бинобар сабаби дар ягон  ҷой кор накардан ӯро модараш насиҳат карда, мефармудааст, ки дар ягон ҷой кор карда,  бо таъмин намудани хурду хӯроки зану фарзандонаш зиндагиашро  пеш барад.

   Қосимов М. Я. аз рафтору муносибати модараш норозӣ ва доимо дар хашму ғазаб қарор дошта, мунтазам бо модараш бо  баҳонаҳои гуногун муноқиша ва ҷанҷолҳо мекардааст.

   Қосимов М. Я. тахминан соати 01:50 дақиқаи 30 апрели соли 2021 аз хоб бедор шуда,  пинҳонӣ аз ҳамсараш бо мақсади куштори модараш аз ошхона  кордро гирифта, ба назди ҳуҷраи хоби падару модараш рафта, аз фурсати муносиб истифода бурда, бо бераҳмии махсус бо корди дар дасташ буда, ба  қафаси синаи модараш задааст. Модараш Маҳмудова З. Ғ. аз зарбаи корд аз хоб бедор шуда, кушиши хестанро мекунад,  вале ӯ ба модараш чунин имкониятро надода, бо корди дар дасташ буда, пай дар пай се маротибаи дигар зада, ба қатл мерасонад.

   Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13.04.2022 сол Қосимов М. Я. бо моддаи 104 қисми 2 банди “в, е”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста  шуда, ба ӯ ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш махсус таъйин карда шудааст.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ