Хабарҳо

Кӯштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар !

  Суди вилояти Суғд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷангазиев Ваҳобҷон Норбоевичро, бо моддаи 104 қисми 2 банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.

   Чунончӣ, ӯ санаи 14 январи соли 2021 дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров, деҳоти Чашмасор, кӯчаи Қӯрғонтеппа, ҳангоми ҳамсараш  Дӯстматова М.Ҳ. дар вазъи ҳомиладории муҳлати 39 ҳафта ба дарди шадиди бачадону шикам гирифтор гардида, аз ӯ ёрии таъҷилӣ мехоҳад, ӯро бо зудӣ ба  таваллудхона набурда, қасди шахсан бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кунонидан намуда, ӯ дидаю дониста, ки ин кирдор барои ҳаёти ҳамсару кӯдак хавфнок буда,  дар мавриди ҷарроҳии ғайриихтисосӣ оқибатҳои вазнин, яъне фавти ҳамсар ва кӯдак мумкин аст фаро расад, тахминан 04:20 дақиқа бо корди хоҷагӣ шиками  ӯро бурида кӯдак ва бачадонро, ки узви ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, ба берун мебарорад ва мебинад, ки кӯдак дар бачадон мурдааст, аммо баъд барои  наҷот додани ҳаёти ҳамсараш чораандешӣ карда натавониста ҳамсараш вафот менамояд.

   Бо ҳукми суди вилояти Суғд, Ҷангазиев В.Н. бо моддаи 104 қисми 2 банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои куштори зани  ҳомиладор муқаррар менамояд, гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии  дорои низоми сахт таъин карда шудааст.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ