Хабарҳо
Ҷинояткор бе ҷазо намемонад !
Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Суғд сарбози қатори Суяров Сироҷиддин Узакович, дар содир кардани ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 банди “к” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба итмом расонида ба суд ирсол кард.
Суяров С.У. 20 августа соли 2006 тахминан соати 23:00 дар ҷойи истиқоматаш-деҳаи Чилчанори ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент аз ҳиссиёти авбошӣ бо санг ба сару руйи шаҳрванд Норбоев X. 3. якчанд маротиба зарба зада, қасдан охиронро ба ҳалокат расонидааст.
Баъди содир кардани ҷиноят худи ҳамон шаб ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон гуашта, сипас ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафта, то вақти дастгир шуданаш дар он ҷой пинҳон шудааст.
Суяров С.У. аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қазоқистон дастгир гардида, 30 сентябри соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод карда шудааст.
17 феврали соли 2022 Суяров С.У. бо ҳукми Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар содир кардани ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 банди “к” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту ду сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.
Дар асоси талаботи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”аз 20 августа соли 2011 таҳти № 764 аз муҳлати умумии ҷазои таъин гардида нисбати Суяров С.У. ду сол кам карда шудааст.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ