Хабарҳо

Одамкӯши бо бераҳмии махсус!

    Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Набиев Ҷурабек Ҳафизович, бо моддаи 104 қисми 2 банди «е»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби Раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратурам генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.

 

   Набиев Ҷ.Ҳ. оид ба муносибати маҳрамона доштани ҳамдеҳааш Содиқов Алишер Ваҳобович, бо ҳамсараш Набиева А.Т. шубҳа карда, нияти ба ҳалокат расонидани Содиқов А.В.-ро намудааст.

   Ӯ, бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаи худ, 3 декабри соли 2021 тахминан соати 11:30 дақиқа дар манзили зисташ қарор дошта, ба саҳни ҳавлӣ ворид шудани Содиқов А.В.-ро мушоҳида намуда, аз набудани ҳамсараш ва фарзандонаш истифода карда, дар заминаирашк ва хусумати шахсӣ-ӯро бо пой зада ба замин афтонида, ба воситаи табаре, ки барои содир кардани куштор дар дасташ нигоҳ медошт, ду маротиба дар қисмати cap, як маротиба ба қисмати пеши гардан ва як маротиба дар қисмати пойи чапаш зарба зада, ба саломатии номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

    Баъдан, бо мақсади бо бераҳмии махсус ба қатл расонидани Содиқов А.В., ки ҳанӯз зинда буд, ба бадани охирон бензин рехта оташ задааст.

   Пасон, бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан, Набиев Ҷ.Ҳ. қасди худкушӣ намуда, тавассути банди хоҷагӣ худро дар болочӯби оғилхонаи манзили зисташ овехтааст.

  Ин ҳолатро ҳамсояҳо Ҳасанов М.Б. ва Шоймирзоев М.П. мушоҳида намуда, фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бандро кушода, ҳодисаи даст ба худкушӣ задани Набиев Ҷ.Ҳ.-ро пешгири карда, сӯхторро дар бадани Содиқов А.В. хомӯш намуда, номбурдаро ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас кардаанд. Аммо бо сабаби бардоштани ҷароҳатҳои вазнин ба саломатӣ, Содиқов А.В. дар беморхона вафот кардааст.

  Бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 24 феврали соли 2022 судшаванда Набиев Ҷ.Ҳ. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол, бо адо кардани ҷазо дар колониям ислоҳии низоми сахт, таъин карда шудааст.   

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ