Хабарҳо
Одамрабои !
Ахмедова Нигора Рустамҷоновна ҷинояти одамрабоиро дар ҳолати зерин содир кардааст.
Чунончӣ, ӯ 30.11.2021 сол, мақсад гузоштааст, ки бо роҳи фиреб ва суйистифодаи боварӣ шахси бараъло ноболиғро рабуда, дар назди хешу табораш кӯдакро ҳамчун фарзанди худ муарифи намояд.
Худи ҳамон рӯз тахминан соати 15:00 ӯ дар асоси нақшаи таҳрезинамудааш, ки аз одамрабоӣ, яъне пинҳонӣ, бо роҳи фиреб ва суйистифодаи боварӣ рабудани шахси бараъло ноболиғ иборат буд, ба Маркази саломатии шаҳрии №13, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро бинои №50 рафта, дар ҷустуҷӯи кӯдаки навзод шудааст.
Дар Маркази саломатии зикршуда ӯ бо шаҳрванд Назарова Манзура Раҷабалиевна, санаи таваллудаш 19 июли соли 2002, ки бо ҳамроҳии писараш Ҷалолов Абдураҳмон Аюбҷонович, санаи таваллудаш 26 сентябри соли 2021 барои муоинаи асабшинос омада будаанд, шиносои пайдо карда, бо мақсади рабудани фарзандаш ба боварии номбурда даромада, худро ҳамчун инсони ростқавл ва кӯмакрасон нишон додааст.
Сипае бо мақсади расидан ба нияти худ, ки аз ғайриқонунӣ бо роҳи фиреб ғасби кӯдак иборат буд, бо ҳамроҳии Назарова Манзура Раҷабалиевна, ба духтури асабшинос даромада, фарзанди номбурда - Ҷалолов А.А.-ро аз муоинаи духтури асабшинос гузаронидаанд. Духтури асабшинос кӯдак Ҷалолов А.А.-ро муоина карда, онҳоро ба муоинаи духтури гушу гулу ва бинӣ равон кардааст.
Баъди ҳамроҳ ба муоинаи духтури гушу гулу ва бинӣ даромада баромадан, ӯ бо мақсади гараз, Назарова М.Р.-ро ба гумроҳи андохта, иброз намудааст, ки янгааш дар маркази саломатии мазкур ба сифати духтур фаъолият мекунад ва зарур аст писараш Ҷалолов А.Ю.-ро аз муоина гузаронад. Ахмедова Н.Р. бо роҳи фиреб ба боварии Назарова М.Р. даромада, кӯдакашро аз дасташ гирифта, бо баҳонаи он, ки барои муоина дастпушак зарур аст, Назарова М.Р.-ро барои харидани дастпушак ба дорухонаи берун аз марказ равон кардааст.
Минбаъд, ӯ дидаю дониста, ки тибқи моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак таҳти қимоя ва ғамхории махсуси давлат аст, баъди бо роҳи фиреб барои дастпушак равон кардани Назарова М.Р. аз фурсат истифода бурда, зидди иродаи номбурда пинхонӣ фарзанди хурдсолаш Ҷалолов А.Ю.-ро рабуда, гайриқонунӣ ба даст овардааст. Пас аз расидан ба нияти нопоки худ, яъне гайриқонунӣ соҳиб шудан ба кӯдаки дигар шахс, ӯ кӯдак - Ҷалолов А.Р.-ро ба манзили истиқоматии волидонаш, вокеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Кампирқалъа, хонаи №14 бурда, ин кӯдакро ба хешу табори худ ҳамчун кӯдаки нав таваллудкардааш муаррифӣ намудааст.
Баъдан, ӯ худи ҳамон рӯз тариқи шабакаи иҷтимоии “Ват-сап” ба шавҳараш Абдуллоев Разиуллоҳ Саидович, ки дар Федератсия Россия қарор дошт, аксҳои кӯдак Ҷалолов А.Ю.-ро равон карда, муборакбодӣ намудааст, ки гуё фарзандор шудаанд.
Прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, нисбати Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, бо моддаи 130 қисми 2 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон првандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷом ба суд ирсол кардааст
Бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмнсури шаҳри Душанбе, аз 20 январи соли 2022 Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, бо моддаи 130 қисми 2 банд “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ба мӯҳлти 9 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумй таъин карда шудааст.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ